Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории семинар – машварати дар мавзуи “Баланд бардоштани маҳсулнокии пистазорҳо тавассути агротехникаи инноватсионӣ ва пайвандгузаронӣ дар Тоҷикистон”

22 октября 2024 11:57

Баргузории семинар – машварати дар мавзуи “Баланд бардоштани маҳсулнокии пистазорҳо тавассути агротехникаи инноватсионӣ ва пайвандгузаронӣ дар Тоҷикистон”

Санаи 21-уми октябри соли 2024 бо ташаббуси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хадамоти ҷангали Корея (KFS) дар қитъаи коллексионии пистазор дар мавзеи Аждарбулоқи ноҳияи Хуросон семинар – машварат дар мавзуи “Баланд бардоштани маҳсулнокии пистазорҳо тавассути агротехникаи инноватсионӣ ва пайвандгузаронӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Қисмати аввали семинар – машварат дар боғи коллексионии “Маркази писта”, ки дар мавзеи Аждарбулоқи ноҳияи Хуросон ҷойгир аст, гузаронида шуд. Дар мавзеи мазкур корҳои амалӣ, аз қабили гирифтани қаламча ва гузаронидани пайванд, истифодабарии нуриҳо аз ҷониби олимону мутахассисони «Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» нишон дода шуд. Ҳусайнов Саидшоҳ дар раванди пайвандгузаронӣ гуфта гузаштанд, ки дар мавзеи мазкур беш аз 30 сортҳои беҳтарини писта аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҷамъ оварда шудааст, ки ин амал барои табдил намудани боғи мазкур ба “Боғи модарӣ” мусоидат хоҳад намуд. Бо ин усул метавон   ҳосилнокии пистаро баланд бардошта, дар дигар минтақаҳо, бахусус дар хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Данғара ин равишро ҷорӣ намуд.

Дар қисмати дуюми семинар, ки қисми назаряивии семинар буд, дар бинои Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал гузаронида шуд, мутахассисони соҳа устоди Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур – Холов Зафар дар мавзуи “Тавсифи шаклу навъҳои маҳаллии минтақабобшудаи писта дар Ҷануби Тоҷикистон” баромад намуда, оид ба навъҳои ноҳиябандишудаи писта дар Тоҷикистон:

·        Навъи Данғара;

·        Навъи Марвориди кӯҳӣ;

·        Навъи Сабоҳ;

·        Навъи Октябрӣ;

·        Навъи Хуросон;

·        Навъи Орзу

                                          маълумоти мухтасар доданд.

          Шомуродова Светлана Буттаевна – ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳ низ бо маърӯзаи ҷолибу хеле мубрам дар мавзуи “Агротехникаи бунёду нигодории боғҳои писта дар Ҷануби Тоҷикистон” суханронӣ намуданд. Ӯ вобаста ба ташкил намудани плантатсия, нигоҳибун бо усулҳои агротехникӣ ва муҳофизати писта аз ҳашароти зараррасон, ки беш аз 20 навъро ташкил медиҳанд, мукаммал ва ба таври возеҳ шарҳ дод.

          Дар рафти семинар-машварат аз ҷониби иштирокчиён, бахусус мутахассисони соҳаи хоҷагии ҷангал вобаста ба пайвандкунии писта, фасли гузаронидани пайвандӣ, андозаи истифодабарии нуриҳо як қатор саволҳо ба миён омад, ки аз ҷониби мутахассисон посухҳои мушаххас дода шуд.


Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои...

18.04.2025

3

Баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон

Санаи 12-уми апрели соли 2025 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара, директори Агентӣ Юсуфзода Абдуҷаббор Ғайратшоҳ, аъзои ҳайати ...

18.04.2025

4

Суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ»

4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии...

07.04.2025

7

Ҳаммаи ахборҳо
00:00