Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

05 декабря 2024 16:05

Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:

1.    Сардори шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой

·        3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

·        Маоши мансабӣ - 2967,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2.     Мутахассиси пешбари шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо - 1 ҷой

·        1 сол собиқаи хизмати давлатй ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

·        Маоши мансабӣ - 1798,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

3.     Мутахассиси пешбари шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ - 1 ҷой

·        1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

·        Маоши мансабӣ - 1798,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

4.     Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва таъминоти хуқуқӣ - 1 ҷой

·        1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

·        Маоши мансабӣ - 1798,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

5.     Мутахассиси шуъбаи кадастр ва мониторинги давлатии ҷангал - 1 ҷой

·        Маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

6.     Мутахассиси шуъбаи бунёду барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳо - 1 ҷой

·        Маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-        таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-        донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-        донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-        донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-        мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-        кор карда тавонистан бо компютер.

Мутахассиси шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

-        дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ва хизмати давлатӣ (меҳнат) бошад.

Ҳуҷҷатҳои ба ОЗМУН пешниҳодшавапда:

-аризаи шахсӣ ба номи директори Агентии хоҷагии ҷангал;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расмҳои андозаи 3x4 ва 4x6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома аз маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии ҶТ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Қабули ҳуҷҷатҳо аз 6 декабри соли 2024 оғоз гардида, рӯзи охирини қабул 26 декабри соли 2024 мебошад.

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бӯстон -3, телефон барои тамос: 225-06-43, 225-08-14, 225-08-16.

E-mail: info@forest.tj; web: http://www.forest.tj.



Суратҳо

Ҳаммаи хабарҳо

Ахборҳо

Мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсю Донгюй

29 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюйро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот...

01.05.2025

2

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

27 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,...

29.04.2025

Баргузории фестивали

Субҳи 26 апрели соли равон дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе фестивали гулҳо таҳти унвони "Сайри гули лола" баргузор гардид.

28.04.2025

4

Ҳаммаи ахборҳо
00:00