Санаи 4-уми марти соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат мавзеи Моинкаҷ бо иштироки кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистони Оғохон дар доираи лоиҳаи "Тасвири муҳити сабз" маъракаи муштараки ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар амалӣ намудани ин ташаббус зиёда аз 120 нафар кормандони Агенти ва созмонҳои АКДН иштирок намуданд.
Ин иқдом бо ҳадафи мусоидат ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, ҷилавгирӣ аз фарсоиш ва кумак ба пойбандии Тоҷикистон ба барномаҳо, роҳбурдҳо ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар заминаи амалисозии дастур ва конвенсияҳои ҳифзи табиат роҳандозӣ шуд.
Дар доираи ташаббуси "Тасвири муҳити сабз" дар маҷмуъ 10,500 дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз дар масоҳати 11,5 гектар шинонида хоҳад шуд.

АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат
07 марта 2023 15:32
Ҳуҷҷатҳо
Ахборҳо
Рафти корҳои бунёду барқароркунии ҷангал дар ҳудуди заминҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки кормандони Муасисиаи давлатии хоҷагии...
15.03.2023
4
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинониро дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и...
02.03.2023
5
Идомаи корҳои ниҳолшинонӣ дар таллу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе - Ваҳдат бо иштироки кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал.
27.02.2023
5