Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бозрасӣ

Дар бораи Бозрасӣ

        Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор фаъолиятро дар асоси Низомнома, ки бо фармоиши Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №10 аз 25 январи соли 2016 тасдиқ гардидааст ба роҳ монда, назорати давлатиро   дар соҳаи захираҳои ҷангал ва шикор дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.

Сохтори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор аз роҳбарият, шуъбаи нозирон, бахши муҳосибот ва бахши умумӣ иборат мебошад.

Бозрасиро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад. Сардори Бозрасӣ дар як навбат аз рӯи вазифа Сарнозири давлатӣ оид ба назорати захираҳои ҷангал ва шикор мебошад. Сардори Бозрасӣ 1 муовин дорад, ки бо пешниҳоди вай аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва озод карда мешавад.

 

Роҳбарият

Аъзами Хайридин – Сардори Бозрасӣ, 7-уми январи соли 1992 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар оилаи ходими давлатӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, ба  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2014 бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер хатм кардааст.                                                               

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод ва банақшагирии хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 оғоз намудааст.  
Солҳои 2016-2017 ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосиботи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. 
Солҳои 2017-2019 сармутахассиси  шуъбаи муҳосиботи Агентии  хоҷагии  ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 2-юми июли соли 2019 сардори шуъбаи иқтисод ва банақшагирии хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2019-2022 сардори шуъбаи муҳосиботи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи июли соли 2022 то инҷониб Сардори шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирии  Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз 14 октябри соли 2024 то инҷониб - Сардори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  

Оиладор соҳиби 1 фарзанд. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамидов Хуршед Зоҳидович– муовини сардори Бозрасӣ 9 ноябри соли 1972 дар деҳаи Дурманбулоқи ноҳияи Ленин (ҳозира Варзоб) дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 1990 баъди хатми мактаби миёнаи деҳа ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо ихтисоси иқтисодчӣ, назорат ва таҳлил соли 1995 онро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси ҳисобчӣ дар совхози ба номи Куйбишеви ноҳия оғоз намуда, солҳои 1993-2011 дар Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои муҳосиб, муовини сардор ва солҳои 2011-2016 ба ҳайси директори МД хоҷагии ҷангали ноҳияи Варзоб кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2016 то инҷониб муовини сардори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Аз соли 2011 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Мирзозода Нурмуҳаммади Қурбон– сардори шуъбаи нозирони Бозрасӣ, 12 январи соли 1991 дар ҷамоати  Боғон, деҳаи Лангари ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи соли 2009-2017 Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ихтисоси химия ва биология хатм намудааст.

Солҳои 2015-2016 Ба вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон оиди хоҷагии ёрирасон, солҳои 2016-2022 нозири Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор ва аз феврали соли 2023 сардори шуъбаи нозирони Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор мебошад.

Оиладор соҳиби 2 фарзанд мебошад.

 

 

 

Расмҳо ҳангоми муайян намудани қонунвайронкуни дар ҷангал

04.03.2025 10:11

Ахборҳо

Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи Модарон" дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Санаи 6 марти соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, бонувони дастгоҳи марказӣ бахшида...

07.03.2025

3

Баргузории семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Идоракунии муштараки ҷангал ва парвариши павловния»

27 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва Нақшаи амали «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон...

04.03.2025

6

Сӯгворӣ

Роҳбарияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистан, Раёсати иттифоқи касабаи кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал, ҳамзамон тамоми кормандони соҳаи хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ нисбати вафоти бармаҳали...

25.02.2025

Ҳаммаи ахборҳо
00:00