Ҷустуҷӯ дар сомона



 АГЕНТИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иттилоот

RSS
Суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ»
Суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ»

4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷаҳон имрӯз бо мушкилоти тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ аст ва минтақаи мо низ аз ин истисно нест.

Таъкид гардид, ки оқибатҳои фоҷеабори тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳои мо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамояд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаҷми солонаи маблағгузории барномаҳои иқлимӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки он беш аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад ва дар сурати пайомадҳои бузург ин рақам ба 1,5 миллиард доллар мерасад.

Изҳор карда шуд, ки дар чунин шароит танҳо саъю кӯшишҳои якҷояи кишварҳои минтақа ва дастгирии ҷомеаи чаҳонӣ барои бартарафсозии ин мушкилот ба мо кумак мерасонад.

Ба таъкиди Сарвари давлати мо давоми бист соли охир барномаҳои марбут ба обу иқлим пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона татбиқ мегардад ва зимнан ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва устувории экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

“Қабули 14 қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалӣ дар соҳаи об заминаи мустаҳкам гузошт”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуданд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии мо, инчунин, барои татбиқи ҳадафҳо, аз ҷумла ҳадафҳои “Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030” мусоидат намуданд.

Тавре таъкид карда шуд, байни энергетика ва тағйирёбии иқлим робитаи зич вуҷуд дорад ва рушди энергетикаи “сабз” метавонад қадами мусбат дар роҳи ҳифзи иқлим бошад.

Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ҳоло 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои обии худӣ истеҳсол карда мешавад ва кишвари мо дар ҷаҳон аз барои истеҳсоли энергияи “сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷойи шашум қарор дошта, тибқи нақша то соли 2032 пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия мегузарад.

07.04.2025

7

Иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо
Иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиш бо истиқболи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва аксгирии якҷояи роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмӣ оғоз ёфт.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди муттасили муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупоро дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд.

Таъкид гардид, ки Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобит миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо санади калидӣ гардида, ҳамкории байниминтақавиро танзим менамояд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иброз доштанд, - “мо ҳадаф дорем, ки содироти маҳсулотро аз истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои Аврупо, аз ҷумла тавассути истифодаи имтиёзҳои тиҷоратии ба ҳамдигар боз ҳам густариш бахшем”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкону захираҳои табиии кишвари мо, иқтидорҳои бахши саноат, энергетика ва кишоварзӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид кардани технологияҳои навини аврупоӣ ва истифодаи таҷрибаи ширкатҳои бонуфуз ҳавасманд мебошад.

Иштироки Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва инфрасохтори коммуникатсионӣ муҳим дониста шуд.

07.04.2025

3

Маросими имзои Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ
Маросими имзои Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ

Баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ - Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор шуд.

Санади мазкур дар ҳузури сарони давлатҳо аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расид.

01.04.2025

1

Маросими имзои санад ва ба кор андохтани хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка-Суғд»-и лоиҳаи CASA-1000
Маросими имзои санад ва ба кор андохтани хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка-Суғд»-и лоиҳаи CASA-1000

Баъд аз анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санади таърихӣ - Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин ду созишномаи байниҳукуматӣ – «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ» ва «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» баргузор гардид.

Баъди табодули Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба таври фосилавӣ хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд”-ро, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

01.04.2025

2

Маросими имзои санадҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон
Маросими имзои санадҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон

Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ баргузор гардид.

Санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.

Сипас сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи фосилавии стелаи (сутуни) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Бо розигии сарони давлатҳо аз ҷониби намояндагони масъули ҷонибҳо иншооти рамзӣ дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфт.

Садои мусиқӣ дар майдони ифтитоҳи иншоот бо истифода аз карнай, сурнай ва дигар созҳои миллӣ ба маросим шукӯҳи хосса бахшид.

01.04.2025

1

ИҚДОМИ НАВРӮЗӢ ба мактаб-интернати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
ИҚДОМИ НАВРӮЗӢ ба мактаб-интернати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Санаи 21 марти соли равон аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълимгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар рӯзи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ маводҳои гуногуни озуқаворӣ тақдим гардид.  Маводҳои гуногуни озуқавориро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Давлаталӣ ...

28.03.2025

4

Таҷлили Ҷашни Наврӯз дар Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҷлили Ҷашни Наврӯз дар Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 20 марти соли ҷорӣ иди байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар саҳни ҳавлии Пажуҳишгоҳ рамзҳои Наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар намоиш либосу асбобҳои миллӣ ва маҳсулотҳои ҳафт сину ҳафт шин, ва дастархон бо таъомҳои миллӣ густурда шуд...

28.03.2025

5

Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба "Иди Наврӯз" дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба "Иди Наврӯз" дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Санаи 19 марти соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ бахшида ба "Иди Наврӯз" маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал муҳтарам Шарифзода Давлаталӣ баромад намуда, аз таърихи ин ҷашни ачдодӣ Наврӯзи оламафрӯз ва тақвими солшумории шамсӣ ва қамарӣ муфассал маълумот  доданд.
Дар суханрониашон қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали Истиқлолият бо фидокорӣ тавонист, ки аҳли илму фарҳанг ва тамоми неруҳои солими ҷомеаро атрофи ғояҳои муттаҳидсозанда, пешбаранда ва эҳёи фарҳанги миллӣ гирд оварда, ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла Наврӯзи оламафрӯзро аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ба оламиён муаррифӣ намояд.

20.03.2025

3

Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум

19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум иштирок ва суханронӣ намуданд.

Кори иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави вакилони мардумӣ, ки рӯзи 2 марти соли равон интихоб шуданд, аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода кушода эълон гардид.

Дар оғози иҷлосия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Аз ҷониби вакилон регламент тасдиқ, тартиби баргузории иҷлосия ва инъикоси ҷараёни кори иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма муайян шуда, Комиссияи муваққатии баҳисобгuрии овозҳо оид ба интихоби роҳбарони сохторҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд...

20.03.2025

3

Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи Модарон" дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи Модарон" дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Санаи 6 марти соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, бонувони дастгоҳи марказӣ бахшида ба “Рӯзи модарон” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
       Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал муҳтарам Шарифзода Давлаталӣ баромад намуда, бонувони Агентӣ ва дар симои онҳо тамоми модарони кишварро бо идашон табрик карданд. Дар суханрониашон қайд карда шуд, ки нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид мегардад ...

07.03.2025

3


27.11.2024 13:05

Ахборҳо

Суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ»

4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии...

07.04.2025

7

Иштирок дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

4 апрел дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиш бо истиқболи сарони давлатҳои...

07.04.2025

3

Маросими имзои Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ

Баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ - Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои...

01.04.2025

1

Ҳаммаи ахборҳо
00:00